
12 феврали соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат ва ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корманди Хати оҷилии муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо савдои одамон вохӯриҳои иттилоотӣ бо сокинони маҳаллӣ ва ҷавонон баргузор намуд.

Дар чорабинӣ инчунин намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, раисони маҳаллаҳо ва ҷамоатҳо иштирок намуда, аҳамияти муҳоҷирати бехатар ва риояи қонунгузории кишварҳои қабулкунандаро таъкид карданд.

Аъзоёни гурӯҳи корӣ ба иштирокчиён дар бораи тағйирот дар қонунгузории Федератсияи Русия, самтҳои фаъолияти мақомотҳои марбути Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Иштирокчиён инчунин бо хизматрасониҳои Хати оҷилӣ шинос шуда, дарк намуданд, ки метавонанд пеш аз сафар ба хориҷа ба Хати оҷилӣ муроҷиат намуда, машварати ройгон оид ба қадамҳои муҳоҷирати бехатар дарёфт кунанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокчиён саволҳои худро ба мутахассисон пешниҳод намуда, посухҳои муфассал ва тавсияҳои амалӣ гирифтанд.

Агар Шумо ният доред, ки муҳоҷират кунед ё дар ҷараёни он ба мушкилот рӯ ба рӯ шудед, пас ба Хати оҷилӣ муроҷиат намоед! Мо барои муҳоҷирати бехатари шумо кӯмак мерасонем.

Хати оҷилии +992 900 800 800 дар доираи Барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар заминаи Маркази “Зеркало” фаъол гардонида шудааст.


