TJ
RU

Хати оҷилии лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон”

Шумо барои кор ба хориҷа сафар карданӣ ҳастед ё аллакай дар хориҷи кишвар кор карда истодаед? Хати оҷилии мо омода аст, ки дар ҳар марҳила муҳоҷират ба шумо дастгирӣ ва кӯмаки лозимаро расонад, то роҳи шумо бехатар ва бомуваффақият бошад!

(+992) 900 800 800 |

Чӣ тавр мо ба шумо кӯмак карда метавонем:

Ҳама намудҳои машваратҳои мо новобаста аз мақом е шаҳрвандии шумо комилан ройгонанд

Машваратҳо ва маслиҳатҳо оид ба муҳоҷирати бехатар

Машваратҳо ва маслиҳатҳои мо оид ба муҳоҷирати бехатар барои онҳое мебошанд, ки барои кор ба хориҷа ба сафар баромаднӣ ҳастанд ё аллакай дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Мутахассисони мо ба шумо дар фаҳмидани ҷанбаҳои ҳуқуқии марбут ба муҳоҷират ва тавсияҳои муфид оид ба мутобиқшавӣ дар кишвари нав кӯмак мерасонанд.

Машварати ҳуқуқшиносон, кормандони иҷтимоӣ ва равоншиносон

Аз коршиносони мо дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, кори иҷтимоӣ ва психология машварати босифат гиред. Мутахассисони мо омодаанд, ки ба шумо дар масъалаҳои гуногун дастгирӣ ва роҳнамоӣ пешниҳод намуда, дар ҳалли вазъиятҳои душвори зиндагӣ кӯмак расонанд.

Мубориза бо хариду фурӯши одамон

Агар шумо бо хариду фурӯши одамон дар хориҷа рӯ ба рӯ шавед, лутфан фавран бо мо тамос гиред. Мо дар бораи дархости шумо бо розигии шумо ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳем, то ба шумо сари вақт кӯмак расонанд.

Санҷиши корфармо

Агар шумо бо қаллобӣ рӯ ба рӯ шавед ё нишонаҳои қаллобиро пайдо кунед, ба мо занг занед. Мо ба шумо дар ҳалли чунин душвориҳо кӯмак мерасонем.

Дар бораи лоиҳаи "Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон"

Лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” – лоиҳаи панҷсола аст, ки ба коҳиш додани хариду фурӯши одамон дар байни шахсони осебпазир, ҷомеаҳо ва гурӯҳҳои аҳолӣ дар Тоҷикистон тавассути пешбурди муҳоҷирати бехатар ва густариши дастрасӣ ба хизматрасониҳое, ки ҷароҳатҳо, синну сол, хусусиятҳои гендерӣ ва фарҳангии зарардидагонро ба назар мегиранд, равона шудааст.

 

Лоиҳа ба таҳкими система, бартараф кардани камбудиҳои система дар асоси иштирок ва таъмини масъулияти маҳаллӣ барои дастовардҳо ва натиҷаҳои он равона карда шудааст. Он муносибати умумидавлатӣ ва ҷамъиятиро ба CTIP-Мубориза бо хариду фурӯши одамон  тавассути кор дар соҳаҳои пешгирӣ, муҳофизат ва шарикӣ пеш мебарад.

Хабарҳои мо

Мо омодаем ба ҳама саволҳои шумо ҷавоб диҳем ва дар ҳама марҳилаҳои муҳоҷират дастгирии зарурӣ расонем.

Шумо метавонед ба гурӯҳҳои мо дар WhatsApp ё Telegram тавассути рамзҳои QR ҳамроҳ шавед ва саволҳои худро фиристед.

© 2024 Zerkalo