23-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъракаи иттилоотии навбатии Маркази “Зеркало” якҷоя бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, намояндагони Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ», сардори Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВМКБ дар доираи лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон» бо иштироки сокинони маҳаллӣ ва намояндагони телевизион баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ ба сокинон маълумоти ҳамаҷониба дар бораи кор ва хизматрасонии мақомотҳои асосии соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла дар бораи кори Хати оҷилии +992 900 800 800 ва хизматрасониҳое, ки он ба муҳоҷирон мерасонад, пешниҳод карда шуд.
Формати чорабинӣ ба иштирокчиён имкон медод, ки ба намояндагони муассисаҳои давлатӣ озодона саволҳо диҳанд.
Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён кортҳои иттилоотии Хати оҷилӣ тақсим карда шуданд.





