20 сентября соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Румӣ” – и пойтахт мизи мудаввари Хати оҷилии лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Хадамоти муҳоҷирати ҶТ, Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Хадамоти муҳоҷират дар вилоти Суғд, Хадамоти муҳоҷират дар вилоти Хатлон, МД “Маркази омодаги пеш аз сафар ба хориҷа”, МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, МД “Маркази таълими калонсолони ҶТ”, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, намояндагони ширкатҳои хусусии бокортаъминкунӣ, намояндагони USAID, ICMPD, OCSE, Созмони байналмилалии муҳоҷират, ТҶ “Фемида”, ТҶ “Сурхоб”, ТҶ “Дунёи Сабз”, ТҶ “Ассотсиатсияи зан ва ҷомеа” ва ТҶ МТС “Зеркало” иштирок карданд.

Дар рафти мизи мудаввар натиҷаҳое, ки аз оғози амалии лоиҳа то имрӯз ба даст оварда шуд, муҳокима карда шуданд. Дар бахши дастовардҳо қайд карда шуд, ки аз моҳи марти соли ҷорӣ ба Хати оҷилӣ беш аз 600 шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун оид ба муҳоҷират муроҷиат карда, машварати ройгон ба даст оварданд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар як қатор таклифу пешниҳодҳоеро пешкаш карданд, ки амалии онҳо барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард, аз он ҷумла пурзӯр намудани ҳамкорӣ байни хадамот ва ташкилотҳои гуногун барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони ба Хати оҷилӣ муроҷиаткунанда, зиёдтар намудани тарғиби маълумот дар бораи фаъолияти Хати оҷилӣ дар байни мардум, баланд бардоштани донишу малакаи операторон бо мақсади беҳтар намудани сифати машваратҳое, ки онҳо ба шаҳварндон мерасонанд.

