TJ
RU

Вохӯрӣ бо намояндагони Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратӣ

5 июли соли ҷорӣ вохӯрии навбатии кормандони “Зеркало” бо намояндагони Маркази бисёрфунксионалии муҳоҷиратии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар рафти сӯҳбат қадамҳои минбаъда дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” муҳокима карда шуданд. Тарафҳо ба қароре омаданд, ки бояд созишнома дар бораи ҳамкорӣ баста шавад ва маълумот дар бораи ҷойҳои кории холӣ дар Федератсияи Русия дода шавад, то ин ки шахсони ба хати оҷилӣ зангзада ба муассисаҳои дахлдор равона карда шаванд.

© 2024 Zerkalo