31 июли соли ҷорӣ аз соати 11:10 то 12:00 дар шоу барномаи “Имкон”-и Радиои Азия Плюс сӯҳбат дар мавриди “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” бо меҳмонон – Бобохонзода Саидалӣ Сангинмурод, Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ-иҷтимоии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Фарангис Пирмадова – мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаррух Содиқов – корманди Ташкилоти ҷамъиятии “Зеркало” баргузор хоҳад гардид.
