31-уми июли соли ҷорӣ дар шоу барномаи «Имкон»-и Радиои Азия Плюс сӯҳбат дар мавриди «МУҲОҶИРАТИ БЕХАТАР ва МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН” бо меҳмонон – Бобохонзода Саидалӣ Сангинмурод, Сардори шӯъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ-иҷтимоии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Фарангис Пирмадова – мутахассиси пешбари Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаррух Содиқов – корманди Ташкилоти ҷамъиятии “Зеркало” баргузор гардид.
Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои муҳим оиди муҳоҷирати меҳнатии бехатар, кор дар кишварҳои хориҷа, хати оҷилие, ки дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” ташкил карда шудааст, муҳокима карда шудаанд. Инчунин ба баъзе саволҳои шунавандагон оиди муҳоҷирати меҳнатӣ посух гардонида шудаанд.
