Маркази “Зеркало” якҷоя бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ маъракаи иттилоотиро оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон дар як қатор шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.

Бо ин мақсад, 6 август дар бинои МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо иштироки намояндагони хадамоти муҳоҷирати вилоятӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Илова бар ин, дар чорабинӣ намояндагони МД “Агентии кор дар хориҷа” ва МД “Маркази машварат ва омодагии пеш аз сафар дар хориҷа” иштирок карданд. Ҳамчунин, намояндаи телевизиони вилоятӣ барои пахши ин чорабинӣ дар барномаи хабарии шабона даъват карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён маълумоти ҳамаҷониба дар бораи кор ва хизматрасонии мақомотҳои асосии соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла дар бораи кори Хати оҷилии +992 900 800 800 ва хизматрасониҳое, ки он ба муҳоҷирон мерасонад, пешниҳод карда шуд. Формати чорабинӣ ба иштирокчиён имкон медод, ки ба намояндагони муассисаҳои давлатӣ озодона саволҳо диҳанд. Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён кортҳои иттилоотии Хати оҷилӣ тақсим карда шуданд.

