Маъракаи иттилоотии навбатии лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон» 13 август дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гузаронида шуд.
Вохӯрии аввал бо Сардори шӯъбаи раёсати хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд Камолзода С.О. баргузор гардида, дар рафти он натиҷа ва нақшаҳое, ки дар доираи лоиҳа мавҷуд ҳастанд, баррасӣ карда шуданд.
Вохӯрии дигар бо Сардори шӯъбаи хадамоти муҳоҷирати шаҳри Хуҷанд Сатторова Манзуратхон баргузор гардида, дар рафти сӯҳбат кори Хати оҷилии +992 900 800 800 қайд карда шуд. Намояндагони хадамот изҳори баён карданд, ки дар бораи Хати оҷилии мазкур бояд ба шаҳрвандон бештар маълумот расонид.
Баъдан вохӯрӣ дар истгоҳи “Роҳи Абрешим” бо шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Русия омодаи сафар буданд, баргузор гардид. Бо ҳар яки аз ин шаҳрвандон сӯҳбат оиди муҳоҷирати меҳнатии бехатар гузаронида шуда, дар бори кори Хати оҷилии +992 900 800 800 ва хизматрасониҳое, ки он ба муҳоҷирон мерасонад, маълумот дода шуд.
#hotline#migrant#usaid#iomtajikistan#zerkalo







