TJ
RU

Як хабар!

Дар Тоҷикистон Хати оҷилӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати бехатар фаъол шуд. Агар шумо нияти дар хориҷа кор кардан дошта бошед ва намедонед, ки ба куҷо равед ва сафарро аз куҷо оғоз кунед, пас ба рақами Хати оҷилии +992 900 800 800 занг занед.

Агар шумо ҳангоми ҷустуҷӯи кор қурбони қаллобон шуда бошед ё ҳангоми омода кардани ҳуҷҷатҳои худ бо корфармо мушкилот дошта бошед, пас ба Хати оҷилӣ муроҷиат кунед. Операторон сари вақт мушкилоти шуморо меомӯзанд ва ба шумо роҳи ҳалли дуруст ва қонуниро машварат медиҳанд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи ҳамаи хизматрасониҳои Хати оҷилӣ шумо метавонед ба рақамҳои +992 900 800 800 занг занед ё саволи худро ба гурӯҳи WhatsApp ё Telegram бо нигоҳ доштани рақами мазкур дар телефони худ, нависед.

Хати оҷилӣ дар доираи лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон» бо маблағгузории Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва бо дастгирии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон амалӣ шуда, дар заминаи Ташкилоти ҷамъиятии «Зеркало» фаъолият мекунад.

Дар хотир доред, Хатӣ оҷилӣ барои оғози муҳоҷирати бехатари Шумо роҳнамои боэътимоди Шумо мебошад!

© 2024 Zerkalo