TJ
RU

Маъракаи иттилоотӣ дар шаҳри Турсунзода

Маъракаи иттилоотии навбатии Маркази “Зеркало” якҷоя бо намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар доираи лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон» 15 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода ташкил карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён маълумоти ҳамаҷониба дар бораи кор ва хизматрасонии мақомотҳои асосии соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла дар бораи кори Хати оҷилии +992 900 800 800 ва хизматрасониҳое, ки он ба муҳоҷирон мерасонад, пешниҳод карда шуд.

Формати чорабинӣ ба иштирокчиён имкон медод, ки ба намояндагони муассисаҳои давлатӣ озодона саволҳо диҳанд.

Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён кортҳои иттилоотии Хати оҷилӣ тақсим карда шуданд.

© 2024 Zerkalo